Барканории ду мақоми баландпояи расонаӣ дар Узбакистон
(last modified 2017-08-30T05:13:17+00:00 )
Август 30, 2017 10:13 Asia/Dushanbe
  • Барканории ду мақоми баландпояи расонаӣ дар Узбакистон

Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳурии Узбакистон дар иқдоми ғайримунтазира ду мақоми баландпояи расонаии ин кишварро барканор кард.

 Ба гузориши сомонаи русизабони Фарғона ниюс,Асадҷон Хоҷаев- сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ ва Бобур Алихонов- раиси ширкати миллии радио ва телевизиони Узбакистон ба дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар аз кор барканор шуданд.

 Хоҷаев фақат 5 моҳ дар курсии сухангӯи раёсати ҷумҳурии кунунии Узбакистон давом овард ва Алихонов низ севумин раиси ширкати миллии радио ва телевизиони Узбакистон аст, ки дар солҳои ахир мақоми худро аз даст медиҳад.

 Гуфта мешавад сабаби аслии барканории ин ду мақоми баландпояи расонаии Узбакистон, норизоятии Шавкат Мирзиёев аз шеваи инъикоси хабарии ҷашнвораи байналмиллалии мусиқии " Таронаҳои шарқ" аст, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Самарқанд дар ҳоли баргузорӣ аст.

  Аз замони ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар сентябри соли 2016 тағйироти густурдае дар сиёсатҳои мухталифи ҳукумати Узбакистон аз ҷумла дар бахши кадрҳо эҷод шудааст