Сентябр 02, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи номи 16 ҳазор нафар аз феҳристи ифротгароён дар Ӯзбакистон

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон гуфт, ин кишвар 16 ҳазор нафарро аз феҳристи амниятии ифротгароёни мазҳабӣ хориҷ кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон рӯзи ҷумъа гуфт: “Дар маҷмӯъ 17 ҳазор нафар аз афроди муртабит бо ҷараёнҳои ифротгароии мазҳабӣ дар ин феҳрист буданд, ки пас аз гуфтугӯ бо онҳо 16 ҳазор нафарро аз ин феҳрист хориҷ кардем”.

Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар суханронии худ дар ҷамъи уламои динӣ ва мақомоти ин кишвар, ки ба муносибати Иди Қурбон аз телевизиони давлатии Узбакистон пахш мешуд, таъкид кард: “Онҳоро аз ин феҳрист хориҷ кардаем, аммо набояд онҳоро ба ҳоли худ раҳо кунем, балки бояд ин афродро ба ҷомеа бозгардонем ва омӯзиш диҳем”.

Ба гуфтаи Мирзиёев, 9 ҳазору панҷсад нафар аз касоне, ки аз ин феҳрист хориҷ шудаанд, машғул ба кор шудаанд.