Сентябр 05, 2017 20:26 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури Узбакистон вазири дифоъро барканор кард

Раисҷумҳури Узбакистон рӯзи душанбе дар чорчӯби тағйироти кадрӣ дар ниҳодҳои амниятии ин кишвар Қабул Бердиев, вазири дифои ин кишварро барканор карда, яке аз наздикони худро ба ҷойи ӯ гумошт.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, дафтари раёсатҷумҳурии Узбакистон бидуни ироаи ҳеҷ гуна тавзеҳе эълом кард, Абдусалом Азизов ба унвони вазири дифои ҷадиди ин кишвар ҷойгузини Қабул Бердиев хоҳад шуд.

Қабул Бердиев аз соли 2008 инҷониб вазири дифои Узбакистон буд. Ӯро Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбакистон ба ин мақом мансуб карда буд. Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов ба қудрат расид.