Эъломи нархи сомонӣ дар бозори арзи Узбакистон барои бори нахуст
(last modified 2017-09-06T06:26:56+00:00 )
Сентябр 06, 2017 11:26 Asia/Dushanbe
  • Эъломи нархи сомонӣ  дар бозори арзи Узбакистон барои бори нахуст

Дар пайи фармони Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон бино бар озодсозии муомилоти арз дар ин кишвар, Бонки миллии Узбакистон барои бори нахуст, нархи сӯми узбакӣ дар баробари сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистонро эълом кард.

Ба гузориши сойти Бонки миллии Узбакистон, акнун арзиши 1 сомонӣ 920 сӯму 45 тин мебошад, ки барои бори нахуст дар таърихи равобити ин ду кишвари ҳамсоя эълом мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон 1 доллар 8 сомониву 80 дирам ва 1 евро 10 сомониву 49 дирам хариду фурӯш мешавад. Бо озод кардани нархи арз дар бозори муомилоти Узбакистон, ки ҳамон сиёсати яксонсозии қимати арз мебошад, акнун 1 доллар 8 ҳазору 100 сӯми узбакӣ хариду фурӯш мешавад. Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир арзиши 1 тангаи Қазоқистон 23 сӯму 9 тин, 1 соми Қирғизистон 117 сумқ 68 тин ва 1 манати Туркманистон 2 ҳазору 32 тин муқаррар шудааст. Қаблан дар Узбакистон ду қиммати арзҳои хориҷие, ки бонкҳои давлатӣ ва бозори сиёҳ муқаррар мекарданд, вуҷуд дошт, ки ба далел боло будани қиммати арз дар бозори сиёҳ, аксари мардум талош мекарданд хариду фурӯшро дар ин бозор анҷом диҳанд.