Озодии зиндониёни сиёсӣ авлаввияти дидабони ҳуқуқи башар дар Узбакистон
(last modified 2017-09-06T08:40:29+00:00 )
Сентябр 06, 2017 13:40 Asia/Dushanbe
  • Озодии зиндониёни сиёсӣ авлаввияти дидабони ҳуқуқи башар дар Узбакистон

Мудири дафтари кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Созмон дидабони ҳуқуқи башар гуфт, ин созмон аз иқдомоти Тошканд дар заминаи ҳуқуқи башар истиқбол мекунад ва авлаввияти ин созмон, озодии зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабӣ дар Узбакистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Hio  Eviliamson мудири дафтари кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар ҳамоише дар Тошканд, афзуд, Созмони дидабони ҳуқуқи башар аз ин ки пас аз 7 сол вақфа дубора ба ин кишвар бозгашта, бисёр хушҳол аст ва гуфтугӯҳои муассирро думбол мекунад.

Вай ҳавзаҳои авлаввиятдори Созмони байналмилалии ғайри давлатии дидабони ҳуқуқи башарро дар Узбакистон озодии баён, озодии зиндониёни сиёсӣ, мазҳабӣ ва рафъи кори иҷборӣ донист.

Осардофф, мудири Созмони дидабони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ҳам бо ишора ба тағйироти мусбат дар заминаи расонаҳои гурӯҳӣ, озодии баён ва озодии расонаҳо дар Узбакистон, тасреҳ кард, коҳиши фосила байни мардум ва давлат бисёр зарурӣ аст.

Вай гуфт, мо ба унвони садои мустақил ва гоҳ интиқодӣ ва нохушоянд, тавсияҳои худро дар бораи тааҳҳудоти Узбакистон дар заминаи ҳуқуқи башар ироа медиҳем.