Набераи Назарбоев: Муътод будаам
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i22667-Набераи_Назарбоев_Муътод_будаам
Набераи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз эътиёди худ ба маводи мухаддир дар гузашта ва поёни давраи дармонаш хабар додааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2017 09:58 Asia/Dushanbe
  • Набераи Назарбоев: Муътод будаам

Набераи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон аз эътиёди худ ба маводи мухаддир дар гузашта ва поёни давраи дармонаш хабар додааст.

Ойсултон Назарбоев набераи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар сафҳаи “Файсбук”-и худ эълом карда, ки марҳалаи душвори дармони эътиёдро пушти сар гузоштааст.

Ойсултон Назарбоев оғози гароиши худ ба маводи мухаддирро ба замони худкушии падараш Роҳат Алиев дар зиндони Австрия ва марг падарбузургаш Мухтор Алиев дар соли 2015 марбут донистааст.

Вай гуфтааст, ки раисиҷумҳури Қазоқистон ба рағми машғалаҳои густурдааш дар умури давлат барои дармони ӯ вақт гузошта ва кумаки аслии ӯ дар ин замина будааст.

Ойсултон фарзанди духтари бузурги раисиҷумҳури Қазоқистон ва домод ӯ Роҳат Алиев аст.

Роҳат Алиев, ки аз нуфузи фавқулодае дар ҷомеаи Қазоқистон бархӯрдор буд ба думболи ихтилоф бо Нурсултон Назарбоев аз ин кишвар гурехт ва дар Утриш боздошт шуд.

Баъдҳо эълом шуд, ки вай даст ба худкушӣ задааст.