Сентябр 07, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Рафту омади марзҳои Узбакистон ва Қирғизистон осон шуд

Бо ифтиттоҳи нахустин истгоҳи бозрасӣ байни Қирғизистон ва Узбакистон рафту омади шаҳрвандони ду кишвар осон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, истгоҳи бозрасии «Дӯстӣ» байни вилояти Уши Қирғизистон ва Андиҷон Узбакистон ба таври расмӣ бозгушоӣ шуд.

Зилаев-муовини нахуствазири Қирғизистон дар ин маросим гуфт, қаблан барои убур аз марзҳои ду кишвар ба ироаи асноди мухталиф, аз ҷумла нома аз тараф даъваткунанда ниёз буд, ки сахтиҳоеро барои шаҳрвандони ду кишвар эҷод карда буд.

Зилаев, афзуд, ин дар ҳолест, ки аз ин пас мардуми Қирғизистон ва Узбакистон метавонанд фақат бо ироаи гузарномаҳои худ аз марзҳо убур кунанд.

Вай таъкид кард, дар оянда дигар истгоҳҳои бозрасӣ дар марзҳои Узбакистон ва Қирғизистон низ бозгушоӣ ме‎шавад.

Абдурраҳмонов устондори Андиҷон ва сарпарасти ҳайати узбакӣ низ дар ин маросим гуфт, аз имрӯз ба баъд метавон эълом кард, ки марзҳои Узбакистон ва Қирғизистон ба таври расмӣ боз шуданд, аммо ин иқдом ба ҳамин мавзӯъ хатм нахоҳад шуд ва бозгушоии масири транзитии Узбакистон ба Қирғизистон ва ба Чин низ дар барномаи корӣ қарор дорад.

Пас аз бозгушоии марзҳо низ шаҳрвандони ду кишвар ба сурати намодин аз марзҳо убур карданд.

Бозгушоии нахустин истгоҳи бозрасӣ дар марзҳои Қирғизистон ва Узбакистон, дар пайи дидори ахири раисони ҷумҳурии Қирғизистон ва Узбакистон дар чорчуби сафари Мирзиёев ба Бишкек сурат гирифт.

Сарони ду кишвар дар музокироти дуҷониба бар рӯйи бозгушоии марзҳо тавофуқ карда буданд.

Мирзиёев панҷум ва шашуми сентябр нахустин бор пас аз 17 сол ба Қирғизистон сафар кард.