Латукӯби мудирони макотиби минтақае дар Узбакистон
(last modified 2017-09-13T06:56:05+00:00 )
Сентябр 13, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • Латукӯби мудирони макотиби минтақае дар Узбакистон

Наворе дар интернет мунташир шудааст, ки нишон медиҳад, ҳокими яке аз ноҳияҳои Узбакистон мудирони макотибро латукӯб мекунад.

Сомонаи “Kun.Uz” бо интишори ин филм муддаӣ шуда, ки ин ҳодиса дар ноҳияи Сайяҳунободи вилояти Сирдарё, дар маркази Узбакистон рӯй додааст. Ин навор нишон медиҳад, ки чӣ гуна Носирҷон Эгамбердиев, ҳокими Сайҳунобод бо дар як саф гузоштани мудирони мадориси ин ноҳия дар утоқи корияш онҳоро бо баҳонаи созмондиҳии номуносиби ҷашни таҷлил аз солгарди истиқлоли миллӣ латукӯб карда, бо алфози қабеҳ мухотаб қарор медиҳад.

Интишори ин филм дар ҳолест, ки бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон пас аз ҳукмронии мустабидонаи Ислом Каримов фазои ҷадиду нисбатан нарме дар сиёсати дохилию хориҷии ин кишвар падид омадааст.