Сентябр 15, 2017 17:53 Asia/Dushanbe
  • Имзои Ёддошти тафоҳуми гардишгарӣ байни Чину Узбакистон

Кумита тавсеаи гардишгарии Узбакистон ва Иттиҳодияи пажуҳиши гардишгарии фарҳангии Сиани Чин дар заминаи ҳамкориҳои гардишгарӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Чан Шен, раиси Иттиҳодияи пажуҳиши гардишгарии фарҳангии Сиан ва Шов Сзин Ю, муовини раиси ин иттиҳодия рӯзи панҷшанбе дар маҳалли сохтмони Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарии Узбакистон бо Равшан Усмонов, муовини аввали раиси ин кумита дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор ду тараф авлавиятҳо дар равобити дуҷониба дар заминаи пажуҳиши гардишгарии фарҳангӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби равобити ду бародаршаҳр, Самарқанду Сианро баррасӣ карданд. Намояндагони Иттиҳодияи пажуҳиши гардишгарии фарҳангии Сиан хостори густариши ҳамкориҳои таҳқиқотӣ бо Кумитаи давлатии тавсеаи гардишгарии Узбакистон шуданд. Ташвиқи гардишгарони чинию узбак ба дидор аз Узбакистону Чин ва танзими масирҳои муштараки гардишгарӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳои мавриди баҳс дар дидори масъулони гардишгарии ду кишвар буд.

Намояндагони Иттиҳодияи пажуҳиши гардишгарии фарҳангии Сиан бо даъвати дафтари Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар Тошканд барои ҳузур дар нишасти минтақаии он дар робита ба Шоҳроҳи Абрешим дар Узбакистон ба сар мебаранд.