Куштори мусалмонони Миёнмор дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ
(last modified Tue, 19 Sep 2017 06:48:43 GMT )
Сентябр 19, 2017 11:48 Asia/Dushanbe
  • Куштори мусалмонони Миёнмор дар маркази таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Як сомонаи таҳлилии русизабон таваҷҷуҳи бесобиқа ва дастаҷамъии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба куштори мусалмонони бедифои кишвари Миёнморро падидае мутафовит тавсиф кардааст.

Сомонаи “CAA NETWORK” дар матлабе таҳлилӣ бо ёдоварии мавзеъгириҳои мақомоти расмии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар қиболи ҳаводиси ахири Миёнмор, ин падидаро мутафовит бо урфи роиҷ дар сиёсати ин кишварҳо донистааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, яке аз далоили аслии чунин мавзеъгириҳое, шиддати саркӯби мусалмонони руҳингиёӣ аз сӯйи буддоиёни ифротӣ дар Миёнмор аст, ки ҳатто мақомоти кишварҳои хурд ва вобаста ба кӯмакҳои қудратҳои ҷаҳониро водор ба вокуниш кардааст.

Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле куштори мусалмонон дар Миёнморро маҳкум мекунанд, ки сиёсати шарики роҳбурдии онҳо, яъне Русия хилофи ин вокунишҳост.

Ба гузориши ин сайти таҳлилии русӣ, ба назар мерасад Русия дар воқеаҳои Миёнмор аз сиёсати расмии ҳукумати ин кишвар ҳимоят мекунад.