Қирғизистон барои афзоиши суръати интернет ба Тоҷикистон кӯмак мекунад
(last modified Wed, 20 Sep 2017 04:38:21 GMT )
Сентябр 20, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон барои афзоиши суръати интернет ба Тоҷикистон кӯмак мекунад

Сохти истгоҳи ҷадиди тақвияти суръат ва иртиқои кайфияти хадамоти интернетӣ дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон, заминаро барои беҳбуди хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон фароҳам мекунад.

Ба гузориши сойти “24 Kg”, мақомоти ширкати “Телеком”-и Қирғизистон эълом кардаанд, ки бо баҳрабардорӣ аз иин истгоҳ, ки дар марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст, имкони истифода аз тавони ин марказ дар шароити қатъи интернет, афзоиши даромади ин ширкат ва тақвияти суръати иртибот бо Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Ширкати “Телеком”-и Қирғизистон иллати сохти ин марказро ниёзи фазояндаи Тоҷикистон ба афзоиши ҳаҷм ва суръати интернет ва беҳбуди кайфияти фаъолияти ширкатҳои ироа диҳандаи хадамоти интернетӣ дар ин кишвар унвон кардааст.

Ин маркази ҷадиди иртиботи интернетӣ, ки дар марзи вилояти Ӯш ва ноҳияи Лахши Тоҷикистон дар ҳоли сохт аст, то поёни имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Ин дуввумин маркази иртиботи интернетӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, ки дар марзи муштараки ду кишвар сохта мешавад.