Мирзиёев бо ҳавопаймои як миллиардер ба Ню-Йорк сафар кард
(last modified 2017-09-21T14:37:51+00:00 )
Сентябр 21, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев бо ҳавопаймои як миллиардер ба Ню-Йорк сафар кард

Сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Ню-Йорк бо ҳавопаймои шахсии як миллиардери Узбакистон ва на ҳавопаймои ҳукуматӣ, сюжети расонаҳои гурӯҳӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи «Флойт Радар 4», ҳавопаймои ҳомили Мирзиёев бо рамзи “M-IAZBU” дар радарҳо зоҳир шуд, ки ин рамз нишон медиҳад ҳавопаймо мутааллиқ ба Алишер Усмонов, табааи узбакистонии аҳли Русия аст.

Ин ҳавопаймо, ки бо арзиши 350 миллион доллар аз гаронтарин ҳавопаймоҳо дар сатҳи ҷаҳон аст, дорои сатҳи амниятии болое аст.

Раисиҷумҳури Узбакистон, ки барои ширкат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид, роҳии Ню-Йорк шуда буд, масири Тошканд ба Ню-Йоркро дар ҳудӯди 13 соат тай кард.

Гуфта мешавад, робитаи танготанге миёни Мирзиёев ва Алишер Усмонов вуҷӯд дорад.

Алишер Усмонов ба иллати таъқиб аз сӯи ҳукумати Ислом Каримов, раисиҷумҳури фақиди Узбакистон, аз зодгоҳаш ба Русия паноҳанда шуд ва иртиботи наздике ҳам бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дорад.

Барчасп