Ба тасвиб нарсидани тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак миёни Тошканд ва Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i23467-Ба_тасвиб_нарсидани_тавофуқномаи_таъйини_марзҳои_муштарак_миёни_Тошканд_ва_Бишкек
Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак миёни Тошканд ва Бишкек дар порлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 23, 2017 20:56 Asia/Dushanbe
  • Ба тасвиб нарсидани тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак миёни Тошканд ва Бишкек

Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак миёни Тошканд ва Бишкек дар порлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.

Аҳзоби парлумонии «Анго Прогресс» ва «Республика» ба тавофуқномаи таъйини 85 дарсадии марзҳои муштараки Қирғизистон ва Узбакистон, раъй надоданд.

Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти парлумони Қирғизистон иқдоми аҳзоби «Анго Прогресс» ва «Республика» нақз қавонин надонист. Қарор аст, ин тавофуқнома дар ҳафтаи оянда бозҳам баррасӣ шавад.

Илова бар ин, 4 ҳизби дигар, шомили “Сотсиал демократ”, “Қирғизистон”, “Буриал” ва “Атомекен” тавофуқномаи марзиро тасвиб карданд.

Ба тозагӣ Умарбек Бобонов ва Бокит Торобоев, раисони аҳзоби «Анго Прогресс» ва «Республика» бо ҳадафи пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳид шуданд.

Марзҳои муштараки Узбакистон ва Қирғизистон беш аз 1300 километр мебошад.