Сентябр 28, 2017 22:24 Asia/Dushanbe
  • Муаллими узбак ба нишони эътироз худро оташ зад

Як муаллими узбакистонӣ ҳангоме, ки мақомот барои хароб кардани хонааш омаданд ба нишони эътироз, бар боми хона рафт ва пас аз онки худашро пеш чашми ҳамаи оташ зад, аз боми хона ба замин андохт.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Аҳмад Ниёзимбетов, муаллими 29 сола дар яке аз рустоҳои Қароқалпоқистони Узбекистон бо худсӯзӣ, аз додгоҳ ба хотири содир кардани ҳукми тахриби манзилаш, ки гуфта мешавад, ғайриқонунӣ сохта шудааст, эътироз кард.

Аҳмад Ниёзимбетов дар бемористон дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, рӯзи 19 сентябр мақомот ба манзилаш омада ва ӯро аз хона берун карданд.

Дар видеое, ки бародари Аҳмад сабт карда ва дар Интернет нашр шудааст, дида мешавад, ки Қодир Дурдиев, намояндаи ҳукумати ноҳияи Турткӯл мегӯяд, ин хонаро ғайриқонунӣ сохтаанд ва бояд бар асоси ҳукми додгоҳ тахриб шавад.

Аммо Аҳмад Ниёзимбетов мегӯяд, тамоми асноди лозимро дорад ва хонаашро, ки бо ҳуқуқи ночизи муаллимӣ сохта, дар кадастр сабти ном кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Азимбой Сапаев, муовини ҳокими ноҳияи Турткӯл мегӯяд, ки асноде, ки ба ин омӯзгор додаанд қонунӣ нест.

Ӯ мегӯяд: «дар аснод муҳри воқеӣ зада шуда, вале ин аснод на дар Турткӯл ва на дар Нуқус – пойтахти Қароқалпоқистон сабт нашуда ва зоҳиран касе ин аснодро ғайриқонунӣ ба ӯ додааст.»

Дар видео дида мешавад, ки кормандони пулис талош мекунанд телефони ҳамроҳро аз дасти бародари Аҳмад ба зӯр бигиранд ва монеи филмбардории ӯ шаванд.