Октябр 05, 2017 15:55 Asia/Dushanbe
  • Хатари нуфузи ДИИШ аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя

Мақоми аршади амниятии Русия гуфт, гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамроҳ бо дигар гурӯҳҳои мушобеҳ дар садади нуфуз ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аз тариқи қаламрави ин кишвар аст.

Ба гузориши “Интерфакс”, Николай Бортников, раиси Хадамоти амнияти Русия, рӯзи чаҳоршанбе дар ҳамоиши амниятӣ дар ин кишвар гуфт, ба думболи шикасти қатъии ДИИШ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ, созмондиҳандагони ин гурӯҳ террористӣ эҷоди шабакаи ҷадидеро ба манзури нооромсозии дубораи ҷаҳон, дар дастури кори худ доранд.

Раиси Хадамоти амнияти Русия гуфт, бар пояи иттилооти касб шуда, тарҳи баъди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон, бо ҳадафи нуфуз ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Русия, Чин ва Ҳинд пиёда хоҳад шуд.

Ин мақоми аршади амниятии Русия ҳамчунин таъкид кард, ҷангҷӯён ҳадафмандона аз қаламрави Ховари Миёна хориҷ шуда дар ҳоли истиқрор дар кишварҳои ҳадафи баъдии худ ҳастанд, ки Афғонистон яке аз ин мақсадҳо аст.