Октябр 14, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Дархости Узбакистон барои раёсати ҷомеаи кишварҳои Муштаракулманофеъ

Сергей Лебедев, дабири иҷроии кумитаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ аз дархости Узбакистон барои раёсат бар ин созмон дар соли 2020 хабар дод.

Ба гуфтаи ин мақоми рус, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон бар омодагии Тошканд барои раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъ таъкид кард. Шавкат Мирзиёев тасреҳ кардааст, ки Узбакистон омодааст, пас аз Туркманистон-дар соли 2020-раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили Муштаракулманофеъро пазируфта ва нишастҳои ин созмонро баргузор кунад .

Нишасти ҷумҳуриҳои мустақили Муштаракулманофеъ дар сутуҳи мухталиф дар тӯли сол баргузор мешавад. Аз ҷумла метавон ба нишастҳои сарон, Шӯрои вазирони умури хориҷа, кишвар ва ниҳодҳои амниятии ҷумҳуриҳои Ҳамсуд ишора кард. Дар соли ҷорӣ, раёсати ҷомеаи кишварҳои Ҳамсуд ба уҳдаи Русия аст. Тоҷикистону Туркманистон низ ба тартиб раёсати ин ҷомеаро дар солҳои 2018 ва 2019 ба уҳда хоҳанд дошт .

Дар ин иртибот, талоши раисҷумҳури Узбакистон барои ба даст гирифтани раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили Ҳамсуд, нишондиҳандаи тамоюли давлати Тошканд ба ҳамкорӣ бо дигар аъзои ин ҷомеа аст.

Дар айни ҳол, ин иқдом нишон медиҳад, ки давлати Узбакистон ба раҳбарии Шавкат Мирзиёев, ба ҳамгароии ҳарчи бештар бо Русия ва кишварҳои минтақа тамоюл дорад.

Ин дар ҳолест, ки дар паии сафарҳои мақомҳои ғарбӣ бавижа мақомҳои амрикоӣ ба Тошканд, тасаввур мешуд, давлати Узбакистон ба ҳамкорӣ бо давлатҳои ғарбӣ низ тамоюл дошта бошад.

Узбакистону Қазоқистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки барои раҳбарии ҷумҳуриҳои ин ҳавза, бо якдигар рақобат доранд. Аммо ба далели нақшпазирии андаки Тошканд дар муқоиса бо Остона дар муодилоти минтақаӣ ва байналмилалӣ, дар шароити ҷорӣ, Узбакистон шароиту тавон лозимро барои вуруд ба рақобатии тамомайёр дар ин арса надорад. 

Аммо ба уҳда гирифтани раёсати ҷомеаи Ҳамсуд, бидуни шак бар вазни Узбакистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад афзуд. Дар ин иртибот, Сергей Саулов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки дар давлати ҷадиди Тошканд ҳамаи тағйироти нарм бо муваффақият анҷом шуда ва акнун бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон, Тошканд ва Остона талош мекунанд, раҳбарии минтақаро ба даст бигиранд .

Дар маҷмуъ бояд гуфт, талоши давлати Узбакистон барои мушорикат дар ҷомеаи Ҳамсуд, на танҳо аз аҳаммияти дохилӣ ва минтақаӣ барои Тошканд бархурдор аст, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавозеи давлатмардони Узбакистонро беш аз пеш тақвият хоҳад кард .