Октябр 16, 2017 10:16 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: Беҳбуди равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон замон мебарад

Ба эътиқоди коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ, беҳбуди равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон ба замони бештаре ниёз дорад.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, Аркадий Дубнов бо ишора ба умедвории Сандуқи Байналмилалии Пул ба беҳбуди равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон гуфтааст, ки ин амр ниёз ба замони бештаре дорад, зеро поён додан ба ду даҳа ихтилофоти сиёсӣ, марзӣ ва обу энержӣ миёни ин ду кишвари ҳамсоя кори саҳлу осоне нахоҳад буд.

Ахиран Кристиян Логорд, раиси Сандуқи Байналмилалии Пул беҳбуди равобити Ӯзбакистону Тоҷикистон ва ҳалли ихтилофоти ин ду кишварро барои амнияти Осиёи Марказӣ ва густариши ҳамкории ҷумҳуриҳои ин минтақа дар заминаи истифода аз захоири об, азсаргирии фаъолияти шабакаи воҳиди барқ ва рушди ҳамлу нақл муҳим донистааст.

Аз сӯйи дигар, бо вуҷуди азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол, баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбакистону Тоҷикистон дар пойтахтҳои ин ду ҷумҳурӣ ва музокирот барои оғози дубораи фаъолияти шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ва лағви муқаррароти дарёфти раводид, ки миёни ин ду кишвар идома дорад, дар муддати наздик ба як соле ки аз қудратгирии Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон мегузарад, вай ду бор аз Қазоқистону Туркманистон ва як бор аз Қирғизистон дидор кард ва сарони ин кишварҳо низ ба Тошканд сафар карданд, аммо Мирзиёев ва Раҳмон ҳанӯз ба кишварҳои якдигар сафар накардаанд.