Октябр 17, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Хабарҳо аз таъсиси гурӯҳи ҷадиди террористӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

Як мақоми мазҳабии Русия аз таъсиси гурӯҳи ҷадиди ифротӣ-террористӣ дар марзи миёни Афғонистон ва кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон хабар дод.

Ба гузориши ОИР “Новости”, Албир Крганов, раиси Маҷмаи рӯҳонии мусалмонони Русия ва муфтии шаҳри Маскав рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ дар ин шаҳр гуфт, гурӯҳи ифротӣ-террористии тозатаъсисе бо номи “Хуросон” матраҳ шудааст, ки чанд ҳазор нафар аз ҷангҷӯёни кишварҳои мухталифро дар бар гирифта, хатари воқеӣ барои кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад. Крганов баид надонист, ки “Хуросон” ҷойгузини ДИИШ дар сатҳи минтақа шавад. Ин мақоми аршади мазҳабии Русия ҳамоҳангӣ ва ҳамкории бештари сохторҳои динии кишварҳои минтақа, бавижа Тоҷикистонро дар мубориза бо ҷараёнҳои террористӣ хостор шуд.

Дар солҳои ахир, бахусус дар чанд моҳи гузашта ахбор ва гузоришҳои бешуморе аз истиқрори гурӯҳҳои ифротӣ-террористӣ дар шимоли Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон мунташир шудааст. Мақомот ва коршиносони Афғонистон Амрико ва Ғарбро дар интиқоли ҷангҷӯён аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон саҳим медонанд.