Баргузории панҷумин Нишасти Шӯрои вазирони адлияи Шанҳай дар Тошканд
(last modified Sat, 21 Oct 2017 13:22:00 GMT )
Октябр 21, 2017 18:22 Asia/Dushanbe
  • Баргузории панҷумин Нишасти Шӯрои вазирони адлияи Шанҳай дар Тошканд

Панҷумин Нишасти Шӯрои вазирони адлияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай, таҳти раёсати вазорати адлияи Узбакистон дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ин нишаст, намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай аз ҷумла вазирони адлияи Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, муовини вазири адлияи Чин ва ҳамчунин намояндагони кишварҳои нозири ин созмон (Эрон, Афғонистон ва Беларус) ширкат доштанд .

Дар чорчуби ин нишаст, масоили марбут ба ҳамкориҳои вазоратхонаҳои адлияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанҳай дар таъмини авлавияти қонун, ҳимоят аз ҳуқуқу манофеи машруи шаҳрвандон ва ҳамчунин табодули таҷрубиёти марбута баррасӣ шуд .

Дар ин иртибот, ба ибтикори Узбакистон масоили тавсеаи қонуни сармоягузорӣ, эҷоди шароити муносиби ҳуқуқӣ барои тасҳили сармоягузорӣ ва аз байн бурдани мавонеи бюрократия дар ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифт .

Дар чорчуби ин нишаст, ҳамчунин гуфтугӯҳои дуҷонибаи руасои вазоратхонаҳои адлияи Узбакистон бо ҳайъатҳои ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳинд, Қирғизистон, Покистон ва Чин сурат гирифт .

Созмони ҳамкории Шанҳай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар торихи 15 июни соли 2001 дар Шанҳайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон таъсис шудааст .

Дар нишасти ин созмон, ки рӯзҳои 8 ва 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустону Покистон узви доимии Созмони ҳамкории Шанҳай шуданд .