Ҳамкориҳои чандҷониба меҳвари гуфтугӯи телефонии Атамбоев бо Путин ва Мирзиёев
(last modified Sat, 21 Oct 2017 14:26:08 GMT )
Октябр 21, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои чандҷониба меҳвари гуфтугӯи телефонии Атамбоев бо Путин ва Мирзиёев

Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алмазбек Атамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон шаби гузашта бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон гуфтугӯи телефонӣ дошт .

Атамбоев ва Путин дар ин гуфтугӯ масоили марбут ба равобити Қирғизистон ва Русияро баррасӣ карданд.  

Тарафайн ҳамчунин масоили ҳамкории иқтисодии байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро мавриди табодули назар қарор доданд .

Атамбоев дар ин гуфтугӯ аз Путин ба далели кумаку ҳимоят дар таҳаққуқи тарҳҳои иҷтимоӣ-иқтисодии муҳим дар Қирғизистон ташаккур кард .

Ин гуфтугӯ дар бистари изҳороти ахири Атамбоев барои баргузории нишасти фавқулодаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҷиҳати баррасии авзои марзии Қирғизистону Қазоқистон анҷом шуд .

Атамбоев ва Шавкат Мирзиёев низ дар гуфтугӯе телефонӣ масоили рӯзи ҳамкорӣ, чашмандозҳои тавсеаи баъдии таомули дуҷонибаи байни Узбакистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор дода ва бар аҳаммияти таҳаққуқи тавофуқҳои анҷомшуда дар чорчуби сафарҳои мутақобил таъкид доштанд .

Мирзиёев ба ҳамтои қирғизи худ баргузории муваффақи интихоботи раёсатҷумҳурӣ табрик гуфта ва орзуи тавсеаи баъдӣ ва субот дар Қирғизистонро дошт .

Руасои ҷумҳури Узбакистону Қирғизистон ҳамчунин дар сентябр ва октябри соли ҷорӣ ба кишварҳои якдигар сафарҳои мутақобил доштанд ва ба таври куллӣ 25 санади ҳамкорӣ ба имзо расонданд .