Алифбои Қазоқистон лотинӣ мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i24971-Алифбои_Қазоқистон_лотинӣ_мешавад
Раисҷумҳури Қазоқистон эълом кард, барои замонавӣ кардани ин кишвар то соли 2025 алифбои лотинӣ ҷойгузини алифбои кириллӣ хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 27, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Алифбои Қазоқистон лотинӣ мешавад

Раисҷумҳури Қазоқистон эълом кард, барои замонавӣ кардани ин кишвар то соли 2025 алифбои лотинӣ ҷойгузини алифбои кириллӣ хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, бар асоси ин ҳукм, алифбои 42-ҳарфии кириллии Қазоқистон ба алифбои 32-ҳарфии лотинӣ тағйир хоҳад кард. Қарор аст, ин ислоҳот то соли 2025 амалӣ шавад. Қазоқистон пеш аз ин, дар даврони Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз алифбои лотинӣ истифода мекард, ки соли 1940 онро ба алифбои кириллӣ тағйир дод.

Бо вуҷуди он ки бисёре аз мардуми Қазоқистон аз тағйири алифбои ин кишвар ба лотинӣ норозӣ ҳастанд, аммо ба ақидаи мақомоти Қазоқистон, ин ислоҳот ба тавсеаи иқтисоди ин кишвар кумак мекунад, зеро 70 дарсади мардуми ҷаҳон аз алифбои лотинӣ истифода мекунанд. Аммо бархе коршиносон муътақиданд, тағйири алифбо аз кириллӣ ба лотинӣ забони қазоқиро заиф мекунад.