Ноябр 01, 2017 16:02 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Тоҷикистон; фардо

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз сафари дурӯзаи раисҷумҳури Туркманистон ба Душанбе хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон фардо (панҷшанбе), дувуми ноябр дар Кохи Миллат дидор хоҳанд дошт.

 Бино ба ин гузориш, интизор меравад дар ин сафар теъдоде аз асноди дуҷониба байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар заминаи ҳамкориҳои бештар байни ду кишвар ба имзо бирасад.

 Раиси ҷумҳурии Туркманистон фардо баъд аз зӯҳр дар Маҷмаи Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ҳузур хоҳад ёфт.

Дар чорчӯби сафари раиси ҷумҳурии Туркманистон ба Тоҷикистон, имрӯз дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе Анҷумани маҳофили тиҷории намояндагони ду кишвар баргузор мешавад.

Пояи ҳуқуқи равобити Тоҷикистон ва Туркманистонро беш аз 50 санад, ки иборат аз ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ аст, ташкил медиҳад.

Тоҷикистон ва Туркманистон ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки гардиши молӣ байни ин ду кишвар дар соли 2016 ҳудуди 95 миллион доллар будааст.

Дар чорчӯби ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар, Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани пахта ва семент ворид мекунад ва Тоҷикистон ҳам ба Туркманистон алюминиюм ва маҳсулоти алюминиюмӣ ва низ маҳсулоти кишоварзӣ содир мекунад.