Сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон; оғози фасли ҷадид дар равобит
Мудири Маркази пажӯҳишии масоили АвруОсиё муътақид аст, нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон, заминасози канор гузоштани ихтилофот ва оғози даври ҷадиде аз муносиботи Тошканду Душанбе хоҳад шуд.
Ба гузориши “Спутник”, Никита Миндкович гуфтааст, ин сафар дар чорчӯби сиёсати Шавкат Мирзиёев барои танишзудоӣ ва тақвияти ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки дар равобити Тошканд бо Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон оғоз шудааст.
Вай бо ишора ба талоши зиёди Шавкат Мирзиёев барои густариши равобити Ӯзбакистон бо кишварҳои ҳамсоя тайи як соли ахир, онро нишонаи азми ҷиддии раҳбарии сиёсии ин ҷумҳурӣ барои поён додан ба ихтилофоти қаблӣ ва эҷоди эътимод миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ номидааст.
Миндкович гуфтааст, миёни Ӯзбакистону Тоҷикистон бархе ихтилофот бар сари манотиқи марзи муштараки ин ду кишвар дар водии Фарғона вуҷуд дорад, аммо дар Тоҷикистон умедворанд, ки бо нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, тавофуқоти муҳиме эҷод шавад.
Ин тавофуқҳо метавонад дар заминаи рушди равобити иқтисодиву тиҷорӣ, ҳамлу нақлу транзит ва низ осонсозии сафари шаҳрвандони ду кишвар дар манотиқи марзӣ ба даст ояд.
Чанд рӯз қабл Владимир Норов, мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдӣ ва масоили минтақаи вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Ӯзбакистон аз нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон хабар дод, аммо замони дақиқи ин сафарро эълом накард.