Бартарӣ додани зиндагии даврони Шӯравӣ ба вазъи кунунӣ дар ҷумҳуриҳои истиқлолёфта
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i2527-Бартарӣ_додани_зиндагии_даврони_Шӯравӣ_ба_вазъи_кунунӣ_дар_ҷумҳуриҳои_истиқлолёфта
Бар асоси як назарсанҷии густарда, бештари афроди болои 35 сол дар 9 кишвар аз 11 ҷумҳурии Шӯравии собиқ муътақиданд, зиндагӣ дар даврони комунистӣ беҳтар аз давраи пас аз фурӯпошӣ будааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2016 16:21 Asia/Dushanbe
  • Бартарӣ додани зиндагии даврони Шӯравӣ ба вазъи кунунӣ дар ҷумҳуриҳои истиқлолёфта

Бар асоси як назарсанҷии густарда, бештари афроди болои 35 сол дар 9 кишвар аз 11 ҷумҳурии Шӯравии собиқ муътақиданд, зиндагӣ дар даврони комунистӣ беҳтар аз давраи пас аз фурӯпошӣ будааст.

Ба гузориши ИРНА, натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки ба супориши хабаргузории Спутник анҷом шуда, нишон медиҳад 64 дарсади русҳо, ки дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиндагӣ кардаанд, сатҳи зиндагӣ дар он замонро беҳтар медонанд.

Дар Украина низ 64 дарсад ҳамин боварро доранд, аммо бештарини ҳаводорони даврони Шӯравӣ, дар кишварҳои Арманистон бо 71 дарсад ва ҷумҳурии Озарбойҷон бо 69 дарсад зиндагӣ мекунанд.

Аз миёни шаҳрвандони болои 35 соли ҷумҳуриҳои истиқлолёфта аз Иттиҳоди Шуравӣ, 61 дарсади қаззоқҳо, 60 дарсади қирғизҳо ва молдавиҳо 35 дарсади беларусҳо ва 51 дарсади гурҷиҳо низ муътақиданд, ки зиндагӣ дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ бо низоми комунистӣ, беҳтар аз вазъияти кунунӣ будааст.

Камтарин мизони алоқа ба даврони комунистӣ низ марбут ба Тоҷикистон бо 39 дарсад ва Узбакистон бо чаҳор дарсад аст.

Аммо дар гурӯҳи синнии 18 то 24 сол, ки иттиҳоди Шуравиро ба хотир надоранд, натиҷа мутафовит аст ва аксари онон, аз ҷумла 63 дарсади ҷавонони рус муътақиданд, ки зиндагӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ беҳтар шуда аст.

Ин назарсанҷӣ моҳи гузашта ва дар як давраи 10-рӯза бо пурсишгарӣ аз 12 ҳазору 465 нафар баргузор шудааст.