Ноябр 08, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Таомул ё тақобули давлатҳо бо Ислом дар Осиёи Марказӣ

Коршиносони чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ ба ғайр аз Туркманистон, бо баррасии мавзӯи таомул ё тақобули давлатҳои ин минтақа бо Ислому мусалмонон, эълом карданд, сохторҳои феълии назорат бар умури мусалмонон ва сиёсати феълии ҳукуматҳо идомаи бархӯрди низоми Шӯравии вақт бо Ислом аст.

Ба гузориши хабаргузории Фарғона, дар арзёбии амалкарди ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар қиболи Ислом дида мешавад, дар баробари афзоиши теъдоди масҷидҳо дар Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, назорат бар фаъолияти мусалмонон сахттар ва талош мешавад умури мусалмонон таҳти мудирияти ниҳодҳои давлатӣ қарор бигирад.

Дар даврони истиқлоли ин чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, дар Қазоқистон 2516 масҷид (дар даврони Шӯравӣ 61 масҷид), дар Қирғизистон 2669 масҷид (дар даврони Шӯравӣ 100 масҷид), дар Тоҷикистон 3930 масҷид (дар даврони Шӯравӣ 79 масҷид) ва дар Ӯзбакистон 2065 масҷид вуҷуд дорад, ки баёнгари афзоиши чашмгири марокизи ибодии пайравони Ислом аст.

Ҳамчунин теъдоди имомони масҷидҳо низ дар ин чаҳор кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба тавре, ки дар Тоҷикистон 3914 имоми масоҷид (як имом ба ивази ҳар 2210 нафар), дар Ӯзбакистон 4100 имоми масоҷид (як имом ба ивази ҳар 7824 нафар), дар Қазоқистон 3611 имоми масоҷид (як имом ба ивази ҳар 4915 нафар) ва дар Қирғизистон 2500 имоми масоҷид (як имом ба ивази ҳар 2407 нафар) фаъолияти мазҳабӣ мекунанд.

Ҳамчунин Қирғизистон бо доштани 112 маркази омӯзишии исломӣ, шомили як донишгоҳ, 9 донишкада ва 102 мадрасаи миёна, ба лиҳози доштани марокизи омӯзишии исломӣ дар минтақа ҷойгоҳи нахустро дорад.

Ин ба он маъност, ки дар Қирғизистон барои ҳар 68 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин кишвар як маркази омӯзишии исломӣ фаъолият дорад.

 Дар Қазоқистон 13 маркази омӯзишии исломӣ фаъолият мекунад, ки шомили як донишгоҳ, 9 мадрасаи миёна, як донишкадаи донишафзоии имомони масҷидҳо ва ду маркази омӯзиши қуръонӣ аст. Яъне, барои ҳар як миллиону 36 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин кишвар як маркази омӯзишии исломӣ фаъол аст.

Дар Ӯзбакистон 11 маркази омӯзишии исломӣ фаъолият мекунад, ки шомили ду донишгоҳ ва 9 мадрасаи миёна мешавад ва барои ҳар се миллиону 21 ҳазор нафар аз ҷамъияти ин кишвар як маркази омӯзишии исломӣ вуҷуд дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон бо ҷамъияти болои ҳашти миллиону 600 ҳазор нафар, танҳо як донишкадаи исломӣ вуҷуд дорад.