Ноябр 10, 2017 20:22 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси қарзи 100-миллиондолларии Бонки рушду бозсозии Аврупо ба Узбакистон

Бонки рушду бозсозии Аврупо ба Бонки миллии Узбакистон 100 миллион доллар қарз дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии «Подробни»-и Узбакистон, ин қарз барои истифода дар иҷрои тарҳҳои тавсеаи бахши соҳибкории хурд дар ин кишвар дода шудааст. Маросими имзои тавофуқномаи ихтисоси ин қарз ҳамзамон бо азсаргирии фаъолияти дафтари намояндагии ин бонки аврупоӣ дар Тошканд, пойтахти Узбакистон баргузор шуд.

Филип Беннет, муовини аввали раиси Бонки рушду бозсозии Аврупо дар маросими имзои ин тавофуқнома ибрози умедворӣ кард, қарзи ихтисосёфта ба тавсеаи бахши соҳибкории хурд дар Узбакистон ва низ тавофуқномаи имзошуда дар ин замина ба густариши ҳамкории ин бонки аврупоӣ ва Бонки миллии Узбакистон кумак мекунад.

Узбакистон соли 1992 ба Бонки рушду бозсозии Аврупо пайваст ва дар моҳи майи соли 1993 дар шаҳри Тошканд намояндагии ин бонк ифтитоҳ шуд. Бонки рушду бозсозии Аврупо аз соли 1992 то соли 2010 894 миллион евро барои иҷрои 54 лоиҳаи иқтисодӣ дар Узбакистон ихтисос додааст.