Ноябр 13, 2017 12:39 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Душанбе мавзуи ҳамкориҳои дуҷониба, авзои амниятии минтақа ва ҳамоҳангии фаъолияти ду кишварро дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар дидори Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, обу энержӣ, аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон, мубориза бо терроризм ва ҷиноёти созмонёфта ва қоҷоқи маводи мухаддир баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор ҳамчунин мавзуи омодагии ду кишвар барои баргузории нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар моҳи декабри имсол дар шаҳри Душанбе, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аслов ва Абдилдаев бар зарурати шитоб гирифтани раванди аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон низ таъкид карданд.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Ихтилофи Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина мешавад.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ, бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон табдил шудааст.