Узбакистон нархи парвоз ба Душанберо коҳиш дод
(last modified 2017-11-18T12:27:57+00:00 )
Ноябр 18, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон нархи парвоз ба Душанберо коҳиш дод

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Узбекистон ҳаво йулларӣ» нархи билет дар масири Тошканд – Душанбе–Тошкандро арзонтар кард.

Ба гузориши “Радио Дарӣ”, ширкати миллии ҳавопаймоии «Узбекистон ҳаво йулларӣ», нархи билет дар масири Тошканд – Душанбе – Тошкандро арзонтар кард.

Нархи билети парвози Тошканд ба Душанбе муодили 65 евро ва дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд бо эҳтисоби авориз, муодили 130 евро аст.

Пардохтҳо барои хариди билетҳо дар қаламрави Узбакистон ба арзи миллӣ ба нархи Бонки марказӣ анҷом мегирад.

Пештар ширкати миллии ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” аз таърихи 13 октябри соли ҷории милодӣ, нархи билет дар масири Тошканд – Душанберо арзон карда буд.

Дар натиҷаи ин нархи билети парвози Тошканд ба Душанбе, муодили 75 евро ва дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд бо эҳтисоби авориз муодили 153 евро шуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” парвозҳоро дар масири Тошканд – Душанбе – Тошканд ҳафтае якбор, рӯзҳои сешанбе бо ҳавопаймоҳои « Airbus -320» анҷом медиҳад.