Назари Отамбоев дар бораи шеваи аломатгузории марзи муштараки тоҷику қирғиз
Раисҷумҳури Қирғизистон, ки то поёни давраи масъулияташ дар ин симмат се рӯз бештар намондааст, дар охирин нишасти хабарии хеш дар Бишкек дидгоҳи худро дар бораи аломатгузории марзи муштараки ин кишвар бо Тоҷикистон иброз кард.
Ба нақл аз Ка-Ниюз, Алмазбек Отамбоев гуфтааст, борҳо пешниҳод шуд, ки созишномаи аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси тавофуқ бар сари 50 дарсад аз марз имзо шавад ва музокира барои бақияи марзҳо идома ёбад, аммо ӯ бо чунин тарҳ ба шиддат мухолиф аст .
Отамбоев гуфт: Ин иқдом ҳамонанди духтани костюмест, ки як остини онро аз як порча ва остини дуввумро аз порчаи дигар таҳия карда бошанд .
Вай таъкид кард, бояд созишномаи аломатгузории марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон бар асоси тавофуқ бар сари ҳамаи 721 километр бошад ва на 50 дарсад аз он .
Дар даврони Шӯравӣ бархе манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуд ва акнун ин мавзуъ маншаи ихтилофи мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон шудааст .
Дар паи ду даҳа музокироти мақомоти Қирғизистону Тоҷикистон бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо дар бораи аломатгузории 520 километр аз марзи 721 километрии ду кишвар тавофуқ шудааст .
Имрӯз Тоҷикистон бахши умдаи сӯхт, гандум ва орди мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон ва аз роҳи заминии Қирғизистон ворид мекунад ва ҳалли ихтилофоти марзӣ бо ин кишвари ҳамсоя барои Душанбе аҳаммияти ҳаётӣ дорад .