Талоши Тоҷикистон ва Узбакистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i25699-Талоши_Тоҷикистон_ва_Узбакистон_барои_ҳалли_ихтилофоти_марзӣ
Коршиносони масоили сиёсӣ мӯътақиданд, дар пайи беҳбуди нисбии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон тайи як соли ахир, акнун заминаи ҳалли ихтилофоти марзии ин ду кишвар фароҳам шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 22, 2017 07:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон ва Узбакистон барои ҳалли ихтилофоти марзӣ

Коршиносони масоили сиёсӣ мӯътақиданд, дар пайи беҳбуди нисбии равобити Тоҷикистон ва Узбакистон тайи як соли ахир, акнун заминаи ҳалли ихтилофоти марзии ин ду кишвар фароҳам шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, Аждар Куртов-сардабири маҷаллаи “мисоили сиёсати роҳбурдии миллӣ” дар Русия, мӯътақид аст, дар дидори ояндаи Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон бо мақомҳои Тоҷикистон дар Душанбе, ҳатман барои аломатгузории манотиқи марзии мавриди ихтилофи ин ду кишвари ҳамсоя, гом бардошта хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин коршиносон, мақомҳои Тоҷикистон ва Узбакистон аз оғози фасли ҷадиде дар равобити ду кишвар сухан мегӯянд ва мушаххас аст, ки бидуни аломатгузории марзҳои муштарак, умедвор будан ба густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷории Душанбе ва Тошканд, нодуруст аст.

Осонсозии рафту омади шаҳрвандони ду кишвар дар манотиқи марзӣ, бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ, эътои тасҳилоти транзитӣ барои ҳаракати қаторҳо ва автобусҳо бидуни поён додан ба ихтилофоти марзии беш аз 20 солаи Тоҷикистон ва Узбакистон, имконпазир нест.

Ҳамчунин Владимир Евсеев,мудири Пажӯҳишгоҳи масоили ҷомеаи Ҳамсуд, истифода аз роҳҳои Узбакистонро барои Тоҷикистон бисёр муҳим хондааст; Чаро, ки масири Узбакистон, кӯтоҳтарин роҳ барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Русия, Туркманистон ва Эрон маҳсуб мешавад.

Тоҷикистон ва Узбакистон дорои як ҳазору 332 километр марзи муштарак ҳастанд, ки 60 километр аз ин марз дар қаламрави вилояти Суғд, ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст.

Вуҷуди неругоҳи барқӣ обии “Фарҳод” ва садди он низ аз манотиқи мавриди ихтилофи Душанбе ва Тошканд аст; Зеро ин неругоҳ дар хоки Узбакистон ва садди он дар дохили хоки Тоҷикистон воқеъ шудааст, ки бояд ду тараф бар сари ин минтақаи марзӣ ба тавофуқ бирасанд.