Таҷҳизи нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон ба таслеҳоти низомии пешрафта
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ва фармондеҳи кулли қуво ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷарёни боздид аз пойгоҳи марзбонии ин кишвар воқеъ дар доманаи кӯҳистони Куптадоғ дар наздики марзи муштарак бо Эрон гуфт: Нерӯҳои низомӣ ва мусаллаҳи ин кишвар ба пешрафтатарин таҷҳизоту дастгоҳҳо муҷаҳҳаз хоҳанд шуд.
Раисҷумҳури Туркманистон бо ишора ба ҷанбаи сирфан дифоии докторини низомӣ ва низ асли бетарафии ин кишвар гуфт: Кулияи нерӯҳои низомӣ ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба пешрафтатарин таҷҳизоту дастгоҳҳо муҷаҳҳаз хоҳанд шуд ва вазъияти маишатии афсарон ва хонаводаҳои онон беш аз пеш беҳбуд хоҳад ёфт.
Вай ҳамчунин марзҳои муштарак бо кишварҳои ҳамсояро марзҳои сулҳ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ унвон карду афзуд, Туркманистон беҳтарин ҳамкорӣ бо кулияи кишварҳои ҳамсояро дорад ва марзҳои ин кишвар бо марзҳои дӯстӣ ва сулҳ ҳастанд .
Раисҷумҳури Туркманистон ба ҳамроҳи аъзои Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз посгоҳи қадимии ин кишвар дар кӯҳистони Куптадоғ боздид карда ва бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди осори мухталифи торихӣ дар манотиқи марзӣ дастур дод, ки муаррихону муҳаққиқон дар заминаи ошноии бештар бо осори торихии ин минтақаи марзӣ корҳои таҳқиқотӣ ва торихи шиносиро анҷом бидиҳанд.
Туркманистон дар солҳои ахир барои таъмини амнияти худ маҷмуи иқдомоти мутанаввеъиро ба марҳалаи иҷро гузошта ва дар ин миён бархе аз иқдомот дар ростои тақвияти куллии бунияи низомӣ ва марзбонии ин кишвар будааст .
Бархе маҳофили низомӣ, талош барои тақвияти бунияи нерӯҳои марзбонии Туркманистон дар манотиқи ҷанубии ин кишварро бе иртибот бо докторини низомии Туркманистон намедонанд .
Дар ҳақиқат ҳифзи тамомияти арзии кишвар ва барқарории сулҳу субот ва низ таъмини амният дар Туркманистон ҳамвора дар радифи муҳимтарин аҳдофи тақвияти тавони низомии ин кишвар унвон шудааст.
Аз ин рӯ, рӯйкарди тақвияти бунияи низомии Туркманистон дар бахшҳои мухталифи низомӣ ба бахши ғайри қобили тафкики стратегии докторини низомии ин кишвар табдил шудааст, ба вижа, ки дар бархе мақотеъ раисҷумҳури Туркманистон барои тавҷеҳи ин стратегӣ, бар зарурати тақвияти тавоноии кишвар барои ҳифз ва таъмини манофеи миллӣ ва дифоъ аз тамомияти арзии кишвар таъкид кардааст.
Таи солҳои ахир низ мавзуи омӯзиши нерӯҳои низомӣ ва интизомии Туркманистон ва низ ошноии онҳо бо охирин дастовардҳои улуми пешрафтаи низомӣ, дар садри барномаҳои докторини низомии ҷадиди Туркманистон қарор гирифтааст.
Эҳдоси воҳидҳои мухталифи марзбонӣ дар манотиқи ҷанубии Туркманистон таи солҳои ахир дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст .