Қарзи хориҷии Қазоқистон ба 168 миллиард доллар расид
Муовини Бонки миллии Қазоқистон дар гузориши ахири худ, қарзии хориҷии ин кишварро то аввали моҳи июли 2017, 167.9 миллиард доллар эълом кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Олписбой Аҳмадов гуфт, аз ин маблағ, 6.2 миллиард долларро қарзи бонкӣ, 42.4 миллиард долларро қарзи сармоягузориҳои ғайримустақим ва 106.1 миллиард долларро қарзи байни ширкатӣ ташкил медиҳад.
Ин мақоми Бонки миллии Қазоқистон гуфт, қарзи давлатии ин кишвар дар ин муддат 0.4 дарсад бештар аз муддати мушобеҳ сол қабл буд.
Аҳмадов афзуд, қарзҳои байни ширкатӣ низ ба далели таъмини молии проектҳои нефт, газ ва рушди қарзи сармоягузорони мустақим 1.8 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Беш аз 90 дарсад аз ҳаҷми тиҷорати хориҷии Қазоқистон бо кишварҳои узви Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аст.