Ноябр 26, 2017 13:55 Asia/Dushanbe
  • Баҳси ҷадиди марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон хостори таъйини таклифи минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо” воқеъ дар маҳдудаи Ворухи шаҳри Исфараи Тоҷикистон шудаанд.

Ба гузориши сойти “Top tj”, мақомҳои Қирғизистон иддао мекунанд, ки дар домана кӯҳҳои минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо”, чарогоҳи доми сокинони ин кишвар қарор дорад ва ин замин ба онҳо тааллуқ дорад.

Аз сӯи дигар мақомҳои Тоҷикистон ҳам мӯътақиданд, ин минтақа аз қадим дар маҳдудаи ҷамоати Ворухи шаҳри Исфараи вилояти Суғд қарор дошта ва вуҷуди мазори “Хоҷаи Ғорбобо”дар он, ин маконро ба яке аз маконҳои зиёратии сокинини Исфара табдил кардааст.

Пас аз матраҳ шудани ин баҳс, марзбонони тоҷик ва қирқиз дар ду тарафи минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо” ҳузур ёфтаанд, як пойгоҳи дидбонии марзии Тоҷикистон дар он фаъол ва вазъият ҳам ором гузориш шудааст.

Мақомҳои шаҳри Исфара гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир баҳси минтақаи “Хоҷаи Ғорбобо” дар комиссияи ташхис ва аломатгузории марзӣ, байни ду кишвари Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоли баррасӣ аст.

Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он токунун таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо шоҳиди ихтилофот будааст, ба таври мисол танҳо дар соли 2014 дар марз ду кишвар ҳамсоя, 30 даргирӣ рух дод.

Соли гузашта ҳам дар ҷараёни ин танишҳои марзӣ, дар маҷмӯъ се шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла як афсар неруҳои марзбонӣ кушта ва аз ҳар ду тараф ҳудуди 20 нафар захмӣ шуданд.