Боздошти мубаллиғи ДИИШ дар Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i26015-Боздошти_мубаллиғи_ДИИШ_дар_Узбакистон
Як шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми таблиғи ақоиди ДИИШ ва ҷалби афрод ба ин гурӯҳи террористӣ боздошт шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 28, 2017 09:57 Asia/Dushanbe
  • Боздошти мубаллиғи ДИИШ дар Узбакистон

Як шаҳрванди Узбакистон ба иттиҳоми таблиғи ақоиди ДИИШ ва ҷалби афрод ба ин гурӯҳи террористӣ боздошт шуд.

Ба нақл аз сомонаи русии Спутник, ин зан бо исми Умеда Узакова, дар шаҳри Тошканд ба дасти нерӯҳои амниятии Узбакистон боздошт шудааст .

Барои Умедаи 29 сола парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва дар сурати исботи ҷурм ба ҳашт сол зиндон маҳкум хоҳад шуд .

Се соли ахир дар Узбакистон ба таври пайваста ахборе дар мавриди боздошту зиндонӣ шудани аъзо ва ҳаводорони ДИИШ мунташир мешавад .

Аз ҷумлаи муҳимтарин хабарҳо дар ин замина, эъломи ҳукми додгоҳи вилояти  Самарқанд дар бораи маҳкумияти панҷ шаҳрванди Узбакистон буд .

Ин панҷ нафар ба ҷурми талош барои пайвастан ба суфуфи ДИИШ ва рафтан ба Сурия ба 10 то 13 соли зиндон маҳкум шуданд .