Декабр 09, 2017 19:56 Asia/Dushanbe
  • Барканории 4 вазир дар Туркманистон

Раисиҷумҳури Туркманистон тайи аҳкоме, ҳамзамон 4 вазири калидӣ дар кобинаи ин кишварро ба далели адами назорат бар неруҳои зери маҷмӯа, адами анҷоми матлуби вазоифи муҳаввала ва низ фасоди идорӣ ва молӣ барканор кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар дар ҷаласаи ҳайати давлат, ки ба сарпарастии вай баргузор шуд, бо судури фармоне « Амонбердӣ Тӯйлиев, вазири саноат, Сайидмуҳаммад Акамамадев, вазири кор ва ҳифозати иҷтимоӣ, Дерягулӣ Башимов, вазири ҳамлу нақли рейлӣ ва Нурсиҳид Сапардурдиев, вазири кишоварзӣ ва иқтисоди ин кишварро барканор кард.

Ин гузориш бидуни ишора ба ҷузъиёти бештар дар бораи далоили барканории мақомоти мазкур дар кобинаи вазирони Туркманистон камкорӣ, адами муваффақият дар анҷоми вазоифи муҳаввала, вуҷуди навоқис дар кор, фасоди идорӣ ва молиро аз далоили ин тасмим унвон кард.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин бо судури ҳукме, мақомоти ҷадид дар давлати ин кишварро низ муаррифӣ кард.

Бердимуҳаммедов ҳамчунин бо ишора ба ин ки дар бархе вазоратхонаҳо ва низ идороти давлатӣ мавориди зиёди фасоди идорӣ ва молӣ, аз ҷумла ришвахорӣ, ихтилоси амволи давлатӣ ва сӯиистифода аз мавқеияти шуғлӣ сурат гирифта, бар назорати бештар бар амалкарди ҳайати давлат таъкид кард.

Раисиҷумҳури Туркманистон бо таъкид бар ин ки чандин парванда алайҳи мақомоти муфсид эҷод шуда ва расидагӣ ба парвандаи онон дар ҳоли анҷом аст, ба мақомоти давлатии ин кишвар дар ҳамаи сутӯҳ ҳушдор дод, ки бо мақомот ва масъулини мутахаллиф ба сахттарин шакли қонунӣ бархӯрд хоҳад шуд.