Декабр 14, 2017 12:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони умури хориҷаи Туркманистон ва Узбакистон

Дар дидори вазирони умури хориҷаи Узбакистону Туркманистон дар Ишқобод, тарафайн бар густариш ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва таомулоти минтақаӣ таъкид карданд.

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон ба манзури мушорикат дар Ҳамоиши “Рӯзи байналмилалии бетарафӣ” ба Ишқобод, пойтахти Туркманистон сафар кардааст. Вай дар дидору гуфтугӯ бо Рашид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон ҳамчунин дар бораи густариши таомулоти иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва низ густариши ҳамкориҳоиӣ ду кишвар гуфтугӯ кард.

Бо ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, дар равобити Тошканду Ишқобод тағйироти муҳиме эҷод шудааст. Ба гунае, ки бисёре аз коршиносон аз фасли тозаи ҳамкориҳои ду кишвар сухан ба миён меоваранд.

Дар айни ҳол, раисҷумҳури Узбакистон дар яксоли гузашта, ки самти раёсатҷумҳурии ин кишварро ба уҳда гирифта-ду бор ба Ишқобод сафар кардааст.

Дар ҷарёни охирин сафари Шавкат Мирзиёев ба Ишқобод, ки дар марти соли ҷорӣ анҷом шуд, Узбакистону Туркманистон ёздаҳ санади ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар даврони зимомдории Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон, равобити ин кишвар бо дигар кишварҳо аз ҷумла Туркманистон дар бисёре аз заминаҳо бо маҳдудиятҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ будааст .

Дар воқеъ аз замони истиқлоли Узбакистон дар соли 1991 то поёни даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов, давлати Тошканд ҳатто ба манзури барқарории равобит бо кишварҳои ҳамсоя назири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, мавонеи мутааддиде, ки аз боварҳои шахси Ислом Каримов ношӣ мешуд-пешорӯ дошт.

Аммо ба мувозоти тағйирот дар раъси қудрати ҳокимият дар Узбакистон ва ҷойгузин шудани Шавкат Мирзиёев бо Ислом Каримов, вазъияти Узбакистон то ҳудуди зиёде тағйир кардааст.

Дар воқеъ, нигоҳи сарони давлати Тошканд аз таҳаввулоти минтақаӣ сирфан амниятӣ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон муҳимтарин рӯйкарди давлати Мирзиёев дар Узбакистон буд, ки таи як соли гузашта ба ҳамгароии давлати Тошканд бо кишварҳои ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Марказӣ мунҷар шудааст.

 Дар ҳақиқат бояд гуфт: Заминаҳои мутааддид барои басту густариши муносиботи Узбакистону Туркманистон, ки пештар камтар мавриди таваҷҷуҳи мақомҳои ду кишвар қарор дошт, дар дастури кор қарор гирифт .

Рӯи ҳам рафта бояд гуфт, дар шароити феълӣ тақвияту густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ бар ҳамкориҳои суннатии амниятӣ ва сиёсии Узбакистону Туркманистон пешӣ гирифтааст.

Ба ҳамин далел, интизор меравад, сафари вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Туркманистон ба тақвияти беш аз пеши ҳамкориҳои ҷадиди ду кишвари ҳамсоя мунҷар шавад .