Дар Узбакистон Акадeмияи исломӣ таъсис мешавад
Дар идомаи барномаи ислоҳоти дохилӣ дар Узбакистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар фармони таъсиси Академияи исломиро содир кард.
Бар асоси фармони Шавкат Мирзиёев, Идораи мусалмонони Узбакистон масъулияти таъсиси ин Академияи исломиро ба уҳда хоҳад дошт. Дар Академияи исломии Узбакистон илова бар шаҳрвандони ин кишвар шаҳвандони хориҷӣ низ метавонанд таҳсил кунанд. Бакоргирии омӯзиш аз роҳи дур барои муҳаққиқон ва анҷоми мутолеоти мустақил низ имконпазир хоҳад буд.
Фармони таъсиси нахустин Академияи исломӣ дар Узбакистон тавассути Шавкат Мирзиёевро бояд идомаи барномаи ислоҳоти дохилӣ ва умури динӣ дар ин кишвар қаламдод кард. Идомаи барномаи ислоҳот дар Узбакистон нишон медиҳад, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар азми худро барои таҳаққуқи ислоҳоти дохилӣ, аз ҷумла дар заминаи умури динӣ ҷазм кардааст. Таъсиси нахустин Академияи исломӣ дар Узбакистон дар ҳолест, ки пеш аз ин як донишкада ва як Донишгоҳи исломӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон фаъол будааст. Дар тобистони соли ҷорӣ низ мадрасаи олии динии Мири Араб дар Бухоро кушоиш ёфт. Ин мадраса дар соли 1536 дар шаҳри Бухоро таъсис шудааст. Дар ҳамин ҳол, раиси Идораи мусалмонони Узбакистон низ ахиран дастури ташкили давраҳои омӯзишии таҷвиди Қуръони карим ва забони арабиро дар марокизи омӯзишии динии ин кишвар содир кардааст.
Узбакистон бо наздик ба 27 миллион нафар пурҷамъияттарин кишвар дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Ба рағми вуҷуди аксарияти ҷамъияти мусалмон дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди Узбакистон маҳдудиятҳои динӣ дар ин кишвар ба таври чашмгире афзоиш ёфта буд. Аз ҷумлаи ин маҳдудиятҳо метавон ба мамнӯияти пахши азон аз баландгӯи масоҷид, мамнӯияти доштани ҳиҷоби исломӣ барои бонувони мусалмон, мамнӯияти иқомаи намоз дар идороту мамнӯияти тадриси диншиносӣ ва таърихи адён дар мадориси давлатии Узбакистон ишора кард. Бо вуҷуди ин мамнӯияту маҳдудиятҳо бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев ӯ бисёре аз ин маҳдудиятҳоро ба фурсатҳои ҷадид табдил кардааст. Дар ҳақиқат, ҳамон гуна ки эҷоди маҳдудиятҳои динӣ дар даврони раёсатҷумҳурии Ислом Каримов ба таври ғайримустақим аз байн бурдани фурсатҳо талаққӣ мешудааст, дар даврони раёсатҷумҳурии Шавкат Мирзиёев анҷоми ислоҳот дар умури динӣ ва мазҳабӣ ва рафъи маҳдудиятҳо дар амал эҷоди фурсат барои давлат ва мардуми ин кишвари мусалмон талаққӣ мешавад. Алалхсус наздик ба 90 дарсад аз ҷамъияти Узбакистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва эҷоди маҳдудият барои ин ҷамъияти азим хисоратҳои ҷуброннопазири рӯҳию равонӣ барои мардуми диндор эҷод хоҳад кард. Ба рағми эҷоди ин фурсатҳо раҳбарони давлати Тошканд дар заминаи фиребхӯрдагони узбак, ки ба гурӯҳҳои террористӣ, назири ДИИШ ва фирқаи ваҳҳобият пайвастаанд, муроқибатҳои лозимро дар дастури кор қарор додаанд.
Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, анҷоми ислоҳоти динӣ ва тағйири сиёсатҳои давлати Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон метавонад улгӯе барои соири ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба манзури иҷрои аҳкоми дини мубини Ислом қаламдод шавад.