Коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мунзабиттар ва муттаҳидтар аз дигарон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i27163-Коргарони_муҳоҷири_тоҷик_дар_Русия_мунзабиттар_ва_муттаҳидтар_аз_дигарон
Раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия муътақид аст, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо дигар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мунзабиттар ва муттаҳидтар ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 21, 2017 09:58 Asia/Dushanbe
  • Коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия мунзабиттар ва муттаҳидтар аз дигарон

Раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия муътақид аст, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо дигар муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мунзабиттар ва муттаҳидтар ҳастанд.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Вадим Кожинов гуфт, дар Русия бештарин теъдоди коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Узбакистонанд, аммо коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар муқоиса бо ин афрод аз инзибот ва иттиҳоди матлубтаре бархурдор ҳастанд.

Вай иллати муттаҳид набудани коргарони муҳоҷири ӯзбакистонӣ дар Русияро набуди созмонҳо ва раисони бонуфуз унвон карда, ки боиси парокандагии ин афрод шудааст.

Аммо ба гуфтаи раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия, ҷомеаҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар дар қолаби чанд созмон муттаҳид шудаанд ва сарони ин созмонҳо ҳамвора талош мекунанд, ки аз ҳуқуқи ин афрод дифоъ намоянд.

 Вуқӯи чандин даргирӣ ва ҳаводиси ногувор барои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, аз ҷумла дар гӯристони Хованскийи Маскав нишон дод, ки тоҷикон барои дифоъ аз манофеи худ дар баробари зиёдахоҳии гурӯҳҳои мафиёӣ ба шиддат муқовимат карданд.

Ҳамчунин чандин маркази дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия фаъол аст, ки ба ҳамватанонашон дар сурати лузум кумакҳои мушовираи ҳуқуқӣ ироа мекунанд ва барои гирифтани дастмузди ақибафтодаи ин афрод аз ширкатҳои корфармо талош мекунанд.

Вадим Кожинов аз нақши коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар рушд ва пешрафти иқтисодии Русия қадрдонӣ карда ва фароҳам кардани шароити муносибу додани сабукии бештар ба ин афродро дар заминаи гирифтани муҷаввиз кор, бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи бознишастагии онон дар ин кишвар хостор шудааст.

Созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия теъдоди ҳамватанони хеш дар ин кишварро дар баҳор ва тобистон наздик ба 2 миллион нафар ва дар зимистон беш аз 1 миллион нафар эълом кардаанд.