Декабр 23, 2017 15:49 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон буҷети соли 2018-ро имзо накард

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон буҷети давлатии соли 2018-и мелодиро имзо ва таъйид накард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Тошканд, Шавкат Мирзиёев дар нишасти муштараки намояндагони Маҷлиси олӣ ва Маҷлиси намояндагон гуфт: “Вазорати молия ихтиёроти марбут ба тасвиби буҷетро надорад ва буҷети давлатиро барои соли оянда ман имзо мекунам”.

Мирзиёев бо баёни ин ки бояд дар буҷет манофеи мардум дар назар гирифта шавад, на манофеи Вазорати молия, изҳор дошт, дар буҷети соли 2018 ба мардум таваҷҷуҳе нашудааст.

Вай ҳушдор дод: “Агар тайи як моҳи оянда тағйироте эҷод нашавад, Ҷамшед Қучқоров, вазири молияи Ӯзбакистонро аз симматаш барканор мекунам”.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон таъкид кард, мардум барои ин ки молиётро пардохт кунанд, бояд пул ба даст оваранд.

 Бар асоси гуфтаи муовини нахуствазири Ӯзбакистон, даромади нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2018-и мелодӣ 35 миллиарду 869 миллиону 370 ҳазор доллар хоҳад буд.