Мирзиёев дар нишасти ғайри расмии кишварҳои ИДМ дар Маскав ширкат мекунад
Раисиҷумҳури Узбакистон дар нишасти ғайри расмии Шӯрои раисони ҷумҳури кишварҳои узви Ҷомеаи мустақили муштаракулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Маскав, ширкат мекунад.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон дар таърихи 26 декабр баробар бо 5 даймоҳи соли ҷорӣ дар нишасти ғайри расмии Шӯрои раисони ҷумҳури кишварҳои узви Ҷомеаи мустақили мушорикулманофеъ (ИДМ) дар шаҳри Маскав, ширкат мекунад.
Нишасти ғайри расмии Шӯрои раисони ҷумҳури кишварҳои узви ИДМ ба ибтикори ҳаддиақал яке аз кишварҳои Ҳамсуд, баргузор мешавад.
Пештар нишасти Шӯрои раисони ҷумҳури кишварҳои узви Ҳамсуд, рӯзҳои 10 ва 11 октябри соли 2017 милодӣ дар шаҳри Сочи, баргузор ва дар он раисиҷумҳури Узбакистон низ ҳузур пайдо кард.
Кишварҳои узви ИДМ пас аз фурӯпоши Шӯравӣ шакл гирифт.
Баёнияи таъсиси ин ҷомеа дар 21 декабр 1991 (20 озари 1380) дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.
Узвияти Гурҷистон дар ин ҷомеа ба думболи тасмими расмии раисони ҷумҳури кишварҳои узв, дар 3 декабри 1993 (12 озари 1382) ва ба думболи дархост Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳури ин кишвар дар 8 октябри 1993 (16 меҳри1382) сурат гирифт.