Мирзиёев хостори ислоҳи сохтори амнияти Узбакистон шуд
Раисиҷумҳури Узбакистон бо интиқод аз густариши бидуни тавҷеҳи ихтиёроти Хадамоти амнияти миллии ин кишвар дар ду даҳаи гузашта, ислоҳи сохтори онро хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Шавкат Мирзиёев ин матлабро дар паёми солонаи худ ба парлумони Узбакистон, матраҳ кард.
Мирзиёев таҳия ва тасвиби қонун дар мавриди Хадамоти амнияти миллии Узбакистонро зарурӣ донист ва гуфт, имрӯз ин созмон бар асоси муқаррароте фаъолият мекунад, ки 26 сол пеш дар давлат ба тасвиб расидааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, тағйирнопазир донистани ин муқаррарот дар ду даҳаи гузашта ва арзёбии ҳар гуна мушкил ба унвони таҳдиде барои амнияти миллӣ, мунҷар ба густариши бидуни тавҷеҳи ихтиёроти Хадамоти амнияти миллии Узбакистон шудааст.
Вай афзуд, шароити нопойдор дар баъзе аз манотиқи ҷаҳон боиси ташдиди фазояндаи муҳоҷират шудааст, ки ба навбаи худ густариши терроризм ва ифротгароӣ ва табдили ин падида ба мушкили ҷаҳониро дар пай дорад.
Ба эътиқоди раисиҷумҳури Узбакистон, дар чунин вазъияте ҳифзи давлати миллӣ, истиқлол, амният ва зиндагии мусоламатомези мардуми ин кишвар аз муҳиммтарин вазоифи масъулони узбак аст.