Декабр 25, 2017 21:31 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев: Остона омодаи ҳалли тамомии мушкилот бо Бишкек аст

Раисҷумҳури Қазоқистон дар дидор бо ҳамтои қирғизи худ гуфт: Остона омодаи ҳалли тамомии мушкилот бо Бишкек аст.

Соронбой Ҷенбеков имрӯз бо сафар ба Остона бо ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дидор кард .

Раисҷумҳури Қирғизистон дар ин дидор, аз омодагии кишвараш барои таъмиқи муносибот бо Қазоқистон дар ҳамаи заминаҳо хабар дод .

Нурсултон Назарбоев ҳам дар ин дидор гуфт: Қазоқистон барои ҳалли тамомии масоиле, ки ҳайъати қирғиз матраҳ хоҳад кард, омодагии комил дорад .

Нахустин дидори Назарбоев бо раисҷумҳури ҷадиди Қирғизистон чанде пеш дар  Минск дар ҳошияи Нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, баъд аз бурузи мушкилоти марзии миёни ду кишвар сурат гирифт .