Омодагии Остона барои рафъи сӯитафоҳумҳо бо Бишкек
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар дидор бо ҳамтои қирғизи худ гуфт, Остона омодаи ҳалли тамоми мушкилот бо Бишкек аст.
Сооронбой Жеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи душанбе бо сафар ба Остона, бо ҳамтои қазоқи худ Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор кард. Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар ин дидор аз омодагии кишвараш барои густариши муносибот бо Қазоқистон дар ҳамаи заминаҳо хабар дод.
Назарбоев низ дар ин дидор гуфт, Қазоқистон барои ҳалли тамоми масоиле, ки ҳайати қирғиз матраҳ хоҳад кард, омодагии комил дорад.
Назарбоев идома дод, Қазоқистон ба унвони як кишвари мустақил дар 26 соли гузашта ҳамвора раванди дӯстӣ бо кишварҳои минтақа, ба хусус Қирғизистонро пеширӯ доштаву ба ин раванд идома медиҳад.
Жеенбеков низ гуфт, мардуми Қирғизистон ва Қазоқистон дорои иштирокоти таърихӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ ҳастанду ҳамвора ду кишвар дорои равобити наздике будаанд.
Қазоқистону Қирғизистон ду кишвари Осиё Марказӣ ҳастанд, ки равобити муносибе бо якдигар доранд ва Қазоқистон аз талошҳои Қирғизистон барои модернсозии иқтисоди худ ҳимоят кардааст.
Иқдомоте ки ба назар мерасад дар ростои ҳамгароии минтақаӣ бархоста аз тарҳи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва талошҳои Чин дар қолаби “Роҳи Абрешим” аст.
Аммо дар ин байн ихтилофоте низ вуҷуд дорад, ки решаҳои сиёсиву иқтисодӣ доранд. Дар октябри соли 2017 ҳамзамон бо интихоботи Қирғизистон, Қазоқистон марзи худро бо ин кишвар баст ва нерӯҳои низомии худро дар минтақаи Кордай (Korday) мустақар кард.
Қирғизистон низ нархномаи воридот аз Чинро коҳиш дод, ки ин иқдом зараре дар ҳудуди 300 миллион доллар ба кулли маҷмӯаи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ворид кард.
Ҷорҷ Волошин, пажӯҳишгари муассисаи “Ҷеймс Тун” муътақид аст, нигоҳи мусбати Остонаву Бишкек ба масоили мавриди ихтилоф ва омодагии ду тараф барои рафъи ин ихтилофот метавонад заминаеро фароҳам кунад, ки на танҳо дар он ихтилофот ҳаллу фасл шавад, балки ҳамкориҳои ҷадиде низ байни ду кишвар шакл бигирад.
Ҳалли ин ихтилофот метавонад ба моделе барои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шавад то дар канори рушди иқтисодии худ аз ҳамкориҳои иқтисодӣ барои ҳалли масоили сиёсӣ ва ихтилофоти минтақаӣ баҳра бибаранд. Коре ки Осиёи Марказиро ба моделе ҷадид дар тавсеаи иқтисодҳои минтақаӣ табдил хоҳад кард.