Декабр 27, 2017 10:23 Asia/Dushanbe
  • Тааҷҷуби тоҷикон аз рушди тиҷорати хурд дар Қирғизистон

Мудири як ширкати хусусӣ дар Қирғизистон, ки ҳамтоёни тоҷики худро барои ошноӣ бо шароити фаъолияти бахши хусусӣ ба кишвараш даъват карда буд, аз тааҷҷуби онон аз вусъат ва суръати рушди тиҷорати хурд хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Телек Аҳмадов гуфт, барои меҳмонони тоҷик ҷолиб буд, ки дар зерзаминҳои манозили маскунии шаҳри Бишкек ҳазорон коргоҳи кӯчаки дӯзандагӣ, чармсозӣ, дӯхти киф (сумка) ва кафш, либос ва анвои ҳунарҳои дастӣ фаъолият кардаву маҳсулоти худро ба хориҷ, аз ҷумла Аврупо ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил содир мекунанд.

Вай муътақид аст, аз нигоҳи рушди тиҷорати хурд имрӯз Қирғизистон ҳатто аз Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳам пешӣ гирифтааст ва маҳсулоти корхонаҳои саноатии кӯчаки ин кишвар ба ин ду ҷумҳурии ҳамсоя содир мешаванд.

Вай далели рушди фаъолияти бахши хусусӣ дар Қирғизистонро вуҷуди шароити осон дар пардохти молиёт ва доштани муҷаввизи кор ва фазои нисбатан озод барои касбу кор номидааст, ки имтиёзи муҳиме дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.

Телек Аҳмадов таъкид кард, дар Тоҷикистон акнун фарҳанги муҳоҷирати коргарон ба Русия ҳоким шудааст, ки ин амр монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди фаъолияти бахши хусусӣ ба ҳисоб меояд.