Декабр 27, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Барканории се мақоми аршади Вазорати дороии Узбакистон

Дар идомаи тағйироти кадрӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар Узбакистон се мақоми аршади Вазорати дороии Узбакистон аз симмати худ барканор шуданд.

Ирина Голшева, раиси бахши молиёт ва сиёсати гумрукӣ, Шарофиддин Ҳайдаров, раиси бахши ҳисобдорӣ ва ҳисобрасӣ ва ҳамчунин Акмал Абдуллоев, раиси бахши муҷтамаи сӯхту энержӣ ва тавсеаи заминшиносии Вазорати дороии Узбакистон аз симматҳои худ барканор шуданд .

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон дар суханроне дар ҷамъи намояндагони Маҷлиси олӣ ва Сенат ба Ҷамшед Кучкаров, муовини нахуствазир дастур дод, ки зарфи 10 рӯзи оянда вазорати дороиро аз кормандони бекифоят поксозӣ кунад .

Дар ҳамин ҳол, Вазорати дороии Узбакистон хабари барканории 50 нафар аз кормандони ин ниҳодро нодуруст хонд, аммо таъкид кард, ки барканории чанд корманди дигар дар дасти баррасӣ аст .

Ихроҷи мақомоти аршади дороии Узбакистон дар ҳолест, ки Мирзиёев пас аз ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ тағйироти асосӣ дар ин кишвар сурат додааст .

Мирзиёев чанд рӯзи гузашта низ эълом кард, агар натавонад ислоҳотро дар Узбакистон сурат диҳад, аз раёсатҷумҳурӣ истеъфо хоҳад дод .