Декабр 28, 2017 12:43 Asia/Dushanbe
  • Густариши идеологияи ДИИШ дар Осиёи Марказӣ

Раисҷумҳури Қирғизистон дар Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Ҳамсуд дар Маскав, аз ривоҷ ёфтани идеологияи ДИИШ дар Осиёи Марказӣ ва фаъолияти  мубаллиғони ваҳҳобӣ дар миёни шаҳрвандони ин минтақа парда бардошт.

Раисҷумҳури Қирғизистон тасреҳ кард, фирқаи золаи ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ таблиғоти густардаеро озодона дар миёни шаҳрвандони кишварҳои минтақа анҷом медиҳанд.

Соронбой Ҷенбеков дар айни ҳол таъкид кард, бидӯни ҳамкории муштараки кишварҳои мустақили Ҳамсуд ва Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар ҳавзаи амнияти марзӣ наметавон аз марзҳои Осиёи Марказӣ муҳофизат кард .

Изҳороти раисҷумҳури 58 солаи Қирғизистон нишондиҳандаи аҳаммияти муқобила бо ноамнӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Бавижа, ки тамомии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон, дар қиболи ноамнӣ бисёр осебпазир ҳастанд.

Ба ҳамин далел аст, ки Ҷенбеков дар нахустин суханронӣ дар иҷтимои сарони Ҳамсуд, ба тарҳи ин мавзуъ иқдом кардааст.

Воқеият он аст, ки дар паи шикасти комили ДИИШ дар Ироқу Сурия, бозмондагони он ниёзманди маконҳои муносибе барои искон ҳастанд.

Бо вуҷуди онки террористҳои бозмонда аз ДИИШ тамоюли зиёде ба искон дар кишварҳои ғарбӣ доранд, давлатҳои ғарбӣ талош доранд, то ин террористҳоро ба муҳоҷират ба минтақаи Осиёи Марказӣ тарғиб кунанд .

Воқеият он аст, ки ба далели мухотироти ношӣ аз ҳузури аъзои гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, мақомҳои ин ҷумҳуриҳо ва ҳамчунин паймони амнияти ҷамъӣ ба шиддат нигарони таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ ва ҳомиёни онҳо дар минтақа ҳастанд.

Ба унвони мисол, дабири кулли паймони амнияти ҷамъӣ гуфтааст:

“Ҳузури террористҳо дар наздикии марзи Тоҷикистон, таҳдиде барои тамомии ҷумҳуриҳои Осиё Марказӣ аст”.

Ин воқеиятҳо ҳамагӣ нишон медиҳанд, ки бархе ноҳамоҳангиҳо монеи иҷрои иродаи сиёсии раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгариҳои мазҳабӣ аст.

Бо вуҷуди ин, раҳбарони ҷавоне назири раисҷумҳури Қирғизистон ба мавзуи ноамниҳои ношӣ аз ҳузури аъзои ДИИШ дар минтақа аҳаммияти зиёде қоил аст .

Рӯи ҳамрафта ба назар мерасад, ки изҳороти раисҷумҳури Қирғизистон аз нигарониҳои шадиди вай аз ДИИШ ва фирқаи золаи ваҳҳобият ҳикоят дорад .