Афзоиши содироти Ӯзбакистон дар бахши нассоҷӣ
Декабр 30, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
Содироти бахши нассоҷии Ӯзбакистон дар соли 2017-и мелодӣ ба беш аз як миллиард доллар расид.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Подробний Ӯзбекистан”, дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбакистон садҳо воҳиди нассоҷӣ фаъол аст ва солона беш аз як миллиарду сад миллион доллар аз маҳсулоти ин бахш ба панҷоҳ кишвари ҷаҳон содир мешавад.
Ӯзбакистон ба унвони яке аз манотиқи умдаи кишти пахта солона беш аз 3.5 миллион тон пахтаи хом бардошт мекунад ва панҷумин содиркунандаи пахта дар ҷаҳон аст.