Декабр 31, 2017 09:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Қирғизистон бар густариши равобити дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон бар густариши равобити дуҷониба бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эрлан Абдилдаев рӯзи шанбе дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек, ҳамчунин бо баёни инки ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Қирғизистон тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, бар ҳамкории ин кишварҳои дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Вай ҳамчунин бо ишора ба рушди 60 дарсадии тиҷорати байни ин кишвар ва Узбакистон дар соли ҷорӣ, аз мубодилоти тиҷории 500 миллион долларӣ байни ду кишвар дар ояндаи наздик хабар дод.

 

 

Барчасп