Январ 03, 2018 14:55 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии содироти барқи Туркманистон ба Афғонистон

Ширкати миллии барқи Афғонистон аз шурӯи дубораи содироти барқи Туркманистон ба манотиқи ғарбӣ ва шимоли ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, барқи содиротии Туркманистон ба ғарбу шимоли Афғонистон, ки қатъ шуда буд, васл шуд.

Ду рӯзи қабл барқи содиротии Туркманистон ба иллати поёни муҳлати қарордоди дуҷониба ва низ адами тавофуқ бар сари қимати ҷадиди тарафи туркманӣ қатъ шуда буд.

 Ширкати миллии барқи Афғонистон эълом кард, ҳайатҳои ду кишвар музокирот бо ҳадафи ҳалли мушкилоти ёдшударо анҷом доданд ва пас аз тавофуқи ҳар ду тараф Туркманистон содироти барқ ба Афғонистонро оғоз кард.

Бо ин ҳол қарор аст як ҳайати олирутба аз Афғонистон барои гуфтугӯ дар мавриди таъйини қимати барқ ба Туркманистон сафар кунад.

Барқи содиротӣ ба ғарб ва шимоли Афғонистон илова бар таъмини эҳтиёҷоти вилояти Ҳирот, бархе вулусволиҳо (фармондорӣ ё шаҳристон)-и вилоятҳои Форёб, Ҷузҷон ва Арзагонро, ки дар масири он қарор дорад, таҳти пӯшиш қарор медиҳад.

Ба гуфтаи мақомоти ширкати миллии барқи Афғонистон, Туркманистон хоҳони афзоиши дубаробарии баҳои барқ дар қарордоди ҷадид шуда буд, иммо ин дархост аз сӯйи давлати Афғонистон пазируфта нашуд.

Расонаҳои миллӣ ва мақомҳои давлатии Туркманистон дар мавриди мавзӯи ёдшуда то ба ҳол ҳеҷ гуна изҳори назари расмӣ накардаанд.