Кумаки билоивази ду миллион долларии Қазоқистон ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Сурия
Давлати Қазоқистон 662 миллион танга (ду миллион доллар) ба кишварҳои Сурия, Тоҷикистон ва Қирғизистон кумаки билоиваз хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ҳукми марбут ба ин кумаки башардӯстона, ки барои соли ҷадиди милодӣ ихтисос меёбад, дар таърихи 20 декабри соли 2017 милодӣ аз сӯи давлати Қазоқистон имзо шуд.
Бар ин асоси Қазоқистон ба Тоҷикистон 276 миллиону 790 танга, ба Қирғизистон 200 миллиону 281 ҳазор танга ва ба Сурия 185 миллиону 617 ҳазор танга кумаки билоиваз хоҳад кард.
Илова бар ин бо ҳукми давлати Қазоқистон ба вазорати дифо ва санъати ҳавонавардӣ, аз сандуқи изтирории ин кишвар 101 миллион танга барои хариди сӯзишвории мазут ба ҳаҷми 986.534 тон ва арзаи он ба тарафи тоҷикӣ ба унвони кумаки башардӯстона ироа шудааст.